Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки рушди Тоҷикистон” довталабонро барои ҷои кори холии вазифаи сардори Шуъбаи маркетинг дар Сарбонк эълон менамояд.
Корманди сардори Шуъбаи маркетинг барои иҷрои чунин вазифаҳо масъул мебошад.
- пешгӯии талаботи мизоҷон нисбати маҳсули бонкӣ;
- омӯзиши талабот ба маҳсули бонкӣ;
- барориши маҳсули бонкии ба талаботи мизоҷон мувофиқкардашуда;
- муқаррар намудани сатҳи нарх ба маҳсули бонк бо ҳисоби шароити рақобатнокӣ;
- болобардории нуфузи бонкӣ;
- болобардории саҳми бозори молиявӣ, ки бонк онро назорат мекунад.
- ҷамъоварии ахборот;
- тадқиқи маркетингӣ;
- банақшагирии фаъолият оид ба барориш ва фурӯши маҳсулоти бонкӣ;
- омодасозии мақола ва матнҳо барои блогҳо ва ВАО;
- омодасозии матнҳои уникалӣ барои нашрияҳои саҳифаҳои иҷтимоӣ;
- тарҷумаи матнҳо ва нашрияҳо
Талаботҳо:
- Маълумоти олӣ дар соҳаи тарроҳӣ, дизайнерӣ, журналистӣ;
- Собиқаи корӣ дар соҳаи маркетинг на кам аз 2 сол;
- Ҳисси баланди масъулият.
- Вохурӣ кардан бо мизоҷон дар соҳаи таблиғот, навиштани матнҳо, суҳбатҳои телефонӣ;
- донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи олӣ, донистани забони англисӣ бартарият дорад;
- донистани барномаҳои компютерӣ (MS Oficce: Word, Excel, Power Point ва Outlook).
- таҷрибаи корӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (FВ, VK, OK, Google + Twitter, Instagramm ва ғайра.)
- имкони сафар дар дохили кишвар, аз ҷумла ба дигар шаҳру ноҳияҳо филиалҳои бонк.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (тарҷумаи ҳол) ба суроғаи электронии faromuzova@brt.tj на дертар аз 20 -уми ноябри соли 2021 супоранд. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи номбаршуда ҷавобгуй мебошанд ба озмун даъват карда мешаванд. Рақами телефон:(44) 600-55-15