Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки рушди Тоҷикистон” довталабонро барои ҷои кори холии вазифаи сардори Шуъбаи қарздиҳӣ дар Сарбонк эълон менамояд.
Корманди сардори Шуъбаи қарздиҳӣ мустақиман барои назорати таҳия ва иҷрои нақшаи кории кормандони Шӯъбаи қарздиҳӣ; банақшагирӣ, ташкил ва иштирок дар Кумитаи қарзии Сарбонк; гузаронидани мониторинги банақшагирифтаи қарзҳои додашуда, банақшагирӣ ва ташкили санҷиши ногаҳонии қарзҳои додашуда; иштирок дар гузаронидани таҳлили иқтисодию молиявӣ ва арзёбии гарав, назорати татбиқи нақшаҳои рушди сандуқи қарзӣ аз ҷониби зердастон, идоракунии сифати сандуқи қарзӣ, таҳия ва татбиқи нақшаи корӣ нисбати қарзҳои мушкилситон, омодасозии ҳисоботи ҳармоҳа дар бораи кори Шӯъбаи қарзӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо ба сардори Идора, назорати ҷараёни додани қарз ва тасдиқ кардани аризаҳои қарзӣ дар доираи фаъолияташ, масъул мебошад.
Талаботҳо:
- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;
- Собиқаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол;
- Донистани заминаи меъёрии БМТ дар соҳаи қарздиҳӣ;
- Доштани малакаи кофӣ барои гузаронидани таҳлили молиявии фаъолияти қарзгирандагони эҳтимолии бонк;
- Малакаи гузаронидани омӯзиш барои кормандони соҳаи қарздиҳӣ;
- Тавоноии вокеъии идоракунии кормандон дар муҳити таъғирёбанда;
- Ҳисси баланди масъулият.
- Малакаҳои кори дастҷамъона;
- Донистани забони русӣ ва тоҷикӣ (донистани забони англисӣ бартарият дорад);
- Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Oficce: Word, Excel, Power Point ва Outlook).
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (тарҷумаи ҳол) ба суроғаи электронии faromuzova@brt.tj на дертар аз 20 -уми ноябри соли 2021 супоранд. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи номбаршуда ҷавобгуй мебошанд ба озмун даъват карда мешаванд. Рақами телефон: (44) 600-55-15