Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”

Тибқи талаботи Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” бо Протоколи маҷлиси Шӯрои нозирон таҳти № 13 аз 18 майи соли 2022

Қ  А  Р  О  Р    К  А  Р  Д:

  • Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар таърихи 18-уми июни соли 2022, соати 10:00 дар ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1,
    бинои "Кохи Суруш" 2-юм ошёна
    даъват карда шавад.
  • Раёсати Бонк саҳмдоронро оид ба даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” тариқи сомонаи расмии Бонк, телефон, почтаи электрони, мактуби иттилоотӣ хабардор намояд.
  • Ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаҳои зерин ворид карда шаванд:
  • Тасдиқи узви нави Комиссияи баҳисобгирии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.
  • Интихоби аъзои нави Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.
  • Тасдиқи Ҳисоботи Раёсати ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2021».
  • Тасдиқи Ҳисоботи аудиторони мустақил нисбати аудити ҳисоботи молиявии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба санаи 31 декабри 2021 с. 
  • Тасдиқи тавозун ва ҳисоботи даромаду зарарҳои ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” ба санаи 31 декабри 2021 с.
  • Тасдиқи тақсимоти фоида/зарари ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2021.
  • Тасдиқи ташкилоти аудиторӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2022.
  • Тасдиқи Ҳисоботи Кумитаи аудити ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” оиди фаъолият дар соли 2021.
  • Кам намудани сармояи оинномавии эълоншудаи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”. 
  • Дигар масъалаҳо.