Ҷустуҷӯ

Хабарҳо

ЭЪЛОН


Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаи даъвати Маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,

ҚАРОР МЕКУНАД:

Маҷлиси умумии саҳмиядорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”дар таърихи 18 июли соли 2020, соати 10-00 дар маҷлисгоҳи бинои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 47 (ошёнаи 7-ум) бо рӯзномаи зерин даъват карда шавад:

1.       Оид ба таъсиси Комиссияи баҳисобгирии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.

2.       Ҳисоботи Раёсати Бонк «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2019».

3.       Тасдиқи ҳисоботи аудити хориҷӣ доир ба натиҷаи тафтиши ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2019.

4.       Тасдиқ намудани тавозун ва ҳисоботи даромаду зарарҳо дар соли 2019.

5.       Тақсимоти фоидаи софи Бонк дар соли 2019.

6.       Тасдиқи ширкати аудити хориҷӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он барои соли 2020.

7.       Тасдиқи Оинномаи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар таҳрири нав.

8.       Тасдиқи Низомномаи Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.

9.       Интихоби ҳайати Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.

 




ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” ниёз ба аудитори дохилӣ дорад.

 

Масъулиятҳои асосии корӣ:

-   Гузаронидани аудити дохилӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти Бонк, аз ҷумла банақшагирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;

- Назорати фаъолияти самти қарзӣ, маъмурӣ ва молиявӣ барои таъмини риояи қонунгузорӣ ва сиёсати дохилӣ;

-  Баҳодиҳӣ ба сифати сандуқи хавф ва идоракунии хавфи қарзӣ;

-  Арзёбии эътимоднокӣ ва самарабахшии системаи мониторинги доимӣ;

-  Тавсияҳо барои кам кардани хатар ва беҳтар кардани амалиёт.

Музди меҳнат дар асоси ҷадвали штатӣ муқарар карда мешавад.

 

Талабот:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ;
  • Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар соҳаи назорат ва аудит;
  • Омодаги ба сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
  • Дониши аълои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои маълумоти муфассал ба Идораи кор бо кормандони Сарбонк, ки дар кӯчаи Пушкина 20 ҷойгир шудааст, муроҷиат намоед.

Телефон барои тамос: (+992 44) 600 55 15

E-mailinfo@brt.tj

 

РУШД КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ ҚАРЗ ПАСАНДОЗ ИНТИҚОЛИ ПУЛ

Коркард дар ПРОМОУШН